Ҳукумати ноҳияи Вахш ният дорад, имрӯз санги асоси дарвозаи даромадгоҳи ноҳия, парчаму нишонро гузошта, заводи қабул ва коркарди  пахта,  клиникаи хусусӣ ва майдончаи варзиширо ифтитоҳ кунад.

Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба мо хабар доданд, ки баъди кушодашавии ин иншоот даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Ба иттилои расида аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Вахш бунёду барқарсозии 340 иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки то имрӯз зиёда аз 100 адади он ба истифода дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here