Норасоии таҷҳизот ва харобии бинои беморхонаи марказии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон  солҳо боз табибони беморхонаро нигарон намуда буд.  Инак, соли 2019-ум бинои беморхона таъмир шуда, таҷҳизоти муосири тиббӣ ба он ворид гардид.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Вахш Абдувалӣ Қурбонов гуфт, соли гузашта бо дасгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон орзуҳои чандинсолаи табибони беморхона амалӣ шуд.

Ба иттилои ӯ, дар ин сол бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ бинои беморхона таъмир шуда, бо дасгирии Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 76 ҳазор сомонӣ ба беморхона беш аз даҳ намуд таҷҳизот ва мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа карда шуд.

— Баъди таъмир ва ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ шароити хизматрасонӣ ба беморон  дар ноҳияи Вахш хеле беҳтар гардид, — афзуд сардухтур.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here