Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дар даҳ моҳи соли равон, 101 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 53 ҳолат зиёд аст.
Мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Вахш Раҳимзода Бунафша, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки аз 101 оилае, ки дар ин давра ҷудо шудаанд, 88 ҳолати он бо қарори суд ва 13 ҳолати дигар бо аризаи тарафайн бекор шудааст.
Мусоҳиби мо омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавонро ноомодагии онҳо ба ҳаёти мустақил, бефарзандӣ арзёбӣ кард.
— Баҳри пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо аз тарафи бахши мазкур ва ниҳодҳои дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шудааст, — илова кард Раҳимзода Бунафша.