Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ 4 ноболиғ нуҳ ҷиноят содир кардаву ду нафари дигар худкушӣ кардаанд.
Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Абдулҳамид Пиронов зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки солҳои охир аз ҷониби хонандагон ҳодисаҳои даст ба ҷиноят задан зиёд шудааст. Ба гуфти ӯ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 4 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ, яъне ноболиғон 9 ҷиноят содир карданд.
— Аксари ҷиноятҳои содиркардаи ноболиғон дуздӣ ва авбошӣ мебошад, — афзуд номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ду ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба қайд гирифта шудааст.
Зикр шуд хонандагоне, ки худкушӣ кардаанд, талабаҳои синфҳои 8 ва 10 аз муассисаҳои таълимии рақами 18 ва 24 мебошанд, ки якеи онҳо духтар ва дигаре писар будаанд. Омилҳои даст ба худкушӣ задани хонандагон маълум нест.
— Баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои худкушӣ ва даст задан ба ҷиноят аз ҷониби ноболиғон кормандони шуъбаи маориф ва масъулони муассисаҳои таълимӣ тамоми тадбирҳоро андешидаанд, то чунин ҳолатҳои нангин пешгирӣ шаванд, — илова кард А. Пиронов.