Мушкили набудани дастгоҳи фюлографӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сабаби саргардонии довталабону кӯдаконе, ки бори аввал ба донишкадаву мактабҳо мераванд, гардидааст.
Зимни сӯҳбат як гурӯҳ сокинони ноҳияи Вахш, ки имсол ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд, гуфтанд, ки аз сабаби набудани дастгоҳи рентгенӣ дар маркази ёрии аввалияи тиббиву санитарии ноҳия, маҷбуранд, дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар аз фюлографӣ гузаранд. Он ҷо низ навбат хеле зиёд аст ва бо мушкилӣ аз ташхис мегузаранд.
Роҳбари Маркази ёрии аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Вахш Фурқат Наҷотзода дар сӯҳбат ба хабарнигори «Фараж» гуфт, набудани дастгоҳи фюлографӣ дар ноҳия мушкили асосии марказ ба ҳисоб меравад.
— Мо ният дорем, ки ба раиси тозатаъйини ноҳия Қурбон Юсуфов муроҷиат карда, хоҳиш кунем, то ба ин мушкил расидагӣ кунад, — илова кард Фурқат Наҷодзода.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ гуфт, аз набудани дастгоҳи фюлографӣ дар ноҳияи Вахш ва чанде аз ноҳияҳои дигар хабар дорад ва баҳри зина ба зина ҳал кардани ин мушкил азм мекунад.