Соли 2019 ҳаҷми умумии даромад дар ноҳияи Вахш ба маблағи 36 миллиону 576 ҳазору 772 сомонӣ ва хароҷот 75 миллиону 97 ҳазору 960 сомонӣ (бо дарназардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети вилоятӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ки аз Раёсати молияи ноҳияи Вахш иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии буҷети ноҳия дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 аз рӯи даромад 10 дарсад ва хароҷот 13,4 дарсад афзоиш меёбад. Аз ҷумла барои соҳаи маориф дар буҷети ноҳияи Вахш 52 миллиону 511 ҳазору 41 сомонӣ ё ин ки 70 дарсади ҳаҷми умумии қисми хароҷотии буҷет равона карда мешавад. Барои соҳаи тандурустӣ бошад, 16 миллиону 789 ҳазору 330 сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Хароҷоти ҳифзи иҷтимоӣ 545 ҳазору 005 сомонӣ пешбинӣ гардида, маъюбон, кӯдакони маъюб ва оилаҳои бесаробонмондаи иштирокчиёни садамаи Чернобил имсол дар маҷмуъ 44 ҳазору 175 сомонӣ ёрипулӣ хоҳанд гирифт.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here