Хонандаи муассисаи таълимии №6-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бегоҳи 14-уми ноябри соли равон дар манзили истиқоматияашон даст ба худкушӣ зад.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш  Сайфиддин Валиев дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки А.А, хонандаи синфи 5, ҳамон бегоҳ худро ба дор кашидааст.

Мудир гуфт, ки волидони ин хонанда худ муаллим буда, модараш роҳбари синфашон будааст.

Сабабаи даст ба худкушӣ задани ин хонанда аз ҷониби мақомотҳои марбута муайян карда мешавад.

Тибқи иттилои расимӣ,  дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Вахш бори дуюм аст, ки хонандагон ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат мерасанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here