Каму беш 80 хоҷагӣ дар чор деҳаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз соли таъсисёбиашон то кунун аз истифодаи неруи барқ маҳруманд.
Бинобар гуфтаи Вазирбек Ибрагимов, сармуҳандиси шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш, ин деҳаҳо Лолазор, Иттиҳод, Читерган ва Бешқудуқ мебошанд. “Дар ин деҳаҳо 15-20 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, ки барои кашидани хатти барқ ба манзилои онҳо маблағи зиёд лозим меояд”, — илова кард ӯ.
— Деҳаҳаҳои аз барқ маҳруми ноҳияи Вахш аслан дар байни кӯҳҳо ва аз назди хатҳои интиқлои барқ дур ҷойгиранд. Ин омил боиси шудааст, ки солҳои тӯлонӣ онҳо аз рӯшнои бенасиб мондаанд, — мегӯяд В. Ибрагимов. — Барои таъмини деҳаҳои бебарқ аз ҷониби шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш ба ширкати Барқи Тоҷик мактуб ирсол гардидааст. Дар ҳолати дастгирӣ ёфтан, деҳоти мазкур бо барқи доимӣ таъмин хоҳанд шуд, — зикр намуд мавсуф.
Аммо раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфзода рӯзи 10-уми феврали соли равон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки танҳо аҳолии як деҳаи ноҳия аз барқ маҳруманду халос, ки робарияти ноҳия баҳри таъмини аҳолии ин деҳа бо барқ талош доранд.
Дар ҳамин ҳол, Раҷабалӣ Бояков, намояндаи ҶСШК “Шабакаҳои барқи Ҷанубӣ” дар минтақаи Бохтар, зимни нишасти хабарӣ зикр намуда буд, ки дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 16 ё 32 деҳа барқ надоранд.
— Бояд мақомоти маҳал дар шаҳру ноҳияҳо баҳри таъмини деҳаҳои бе барқ талош кунанд, аммо, мутаассифона, ҳама мушкилро ба мо ҳавола мекунанд. Мо шароит надорем, ки ин деҳаҳоро бо барқ таъмин созем, — мегӯяд Раҷабалӣ Бояков.