Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон соли 2019-ум 507 нафар зан бо ҷойи корӣ доими таъмин шуда, 290 нафари дигар ба касбомузӣ ҷалб шуданд. Дар ин бора имрӯз раиси ноҳияи мазкур Қурбон Юсуфзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум соли гузашта 1 ҳазору 721 ҷойи нави  корӣ таъсис дода шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2018-ум 125 ҷой зиёд аст.

Дар нишаст гуфта шуд, бахшида ба ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Вахш 342 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 127 ададаш сохта шуда, дар дигар иншоотҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here