Дар ноҳияи Вахш 889 гектар замини партов мавҷуд аст, ки аз ин соли 2019-ум 31 гектараш ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш Сафарализода Тоҷиддин гуфт, омили асосии аз гардиши кишоварзӣ дур мондани заминҳо шӯршавии замин, тоза нашудани заҳбуру заҳкашҳо мебошад.

Коршиносони маҳаллӣ мегуянд, агар ин заминҳо ба гардиш ворид карда шаванд, садҳо нафар бо ҷойи кор таьмин шуда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here