Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон 561 км роҳҳои бесоҳиб мавҷуданд, ки касе таъмиру бозсозии онҳоро ба зима намегирад.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш Раҷабалли Изатулоев гуфт, ин роҳҳоро ҳоло сокинон ва соҳибкорон таъмиру сангфарш намуда истодаанд.

Инчунин, манбаь гуфт, дар се моҳи соли 2019-ум 22 км аз роҳҳои ҷумҳуриявӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда,  5 км аз роҳҳои маҳаллӣ низ таьмир шудаанд, ки маблағи сарфшуда наздик ба 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

Дар ихтиёри ин муассиса 49 пул мебошад, ки аз он 10 пул ба таъмир ниёз доранд.

— Дар умум, роҳҳое,ки дар ихтиёри ин муассиса вобаста шудаанд, 236 км буда, аз он 67 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, боқимонда роҳҳои маҳаллӣ мебошанд, ки аксарияти онҳо ба таьмир ниёз доранд, — илова кард мусоҳиби мо.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here