Дар ноҳияи Вахш айни замон бақияи қарзи андоз 16 миллион сомониро ташкил дода, инчунин  2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  таъхири пардохти музди меҳнати ташкилоту идораҳои буҷетӣ ҷой дорад.

Сардори шӯъбаи ба нақшагирии Раёсати молияи Вахш Холиқов Абдулазиз  гуфт, ки дар ҳақиқат  дар ноҳияи Вахш қарздории музди меҳнат беш аз ним миллион сомонӣ  вуҷуд дошт, ки онро то рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ пардохт кардаанд., аммо айни замон таъхири пардохти музди меҳнат 2 миллиону 700 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ӯ афзуд, ки давоми 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети вилоят 3 миллиону 600 ҳазор  сомонӣ маблағи мақсаднок пардохт карда нашудааст, агар  онро пурра диҳанд, таъхири пардохти музди меҳнат аз байн меравад.

— Саривақт пардохт нашудани музди меҳнат ва ба таъхир афтодани он аз ҳисоби пурра иҷро нашудани қисми даромади буҷети ноҳия ба амал меояд. Агар даромади буҷет сад дар сад иҷро шавад қарздорӣ ва таъхир нахоҳад шуд, — гуфт манбаъ

Мувони сардори Нозироти андози ноҳияи Вахш Довуд Холов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки даромади қисми буҷети ноҳия дар моҳи август 56 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.

— Қисми даромади буҷети ноҳия дар 8 моҳи соли ҷори ҳамагӣ 94,3 дарсад иҷро шудааст. Дар умум дар ин давра 1 миллиону 605 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид нагардидааст, — илова кард ӯ.

Омили иҷро нашудани қисми даромади буҷетро ин шахси масъул дуруст фаъолият накардан корхонаҳои саноатӣ, ё умуман фаъолият  накардани онҳо арзёбӣ карда, гуфт, ки  ҶДММ “Котон Идрис” пардохти андозро нисбати соли гузашта  790 ҳазор сомонӣ  кам карда, ҶДММ “Беҳрузи Мурод” ва ҶДММ “Водии Вахш” тамоман дар ин давра фаъолият накардаанд.

Манбаъ иттилоъ дод, ки бақияи қарзи андоз дар ноҳияи Вахш ба ҳолати имрӯза наздики 16 миллион сомониро ташкил медиҳад.

— Дар назди нозироти андози ноҳияи Вахш қарзи зиёд аз Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ва Идораи обёрии машинӣ наздики 50 ҳазор сомонӣ мебошад, — илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here