Дар се моҳи соли 2019-ум аз тарафи кормандони Прокуратураи ноҳияи Вахш нисбати 12 қарори ғариқонунӣ ба тасвиб расида, эътироз оварда шудааст, ки аз он 10 қарори раиси ноҳия ва 2 қарори раисони ҷамоатҳо мебошад ва аз ҷониби худи раиси ноҳия бекор карда шуданд.

Ёвари калони прокурори ноҳияи Вахш Аслиддинзода Саидмуқаддас ба хабарнигори «Фараж» гуфт, ки дар ин давра аз тарафи кормандони Прокуратураи ноҳия вобаста ба қонунгузории замин 3 санҷиш гузаронида шуд.

— Ҳангоми гузаронидани санҷишҳо 11 амр барои фавран бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ба Кумитаи идораи замин ва дигар мақомот фиристода шуд, — илова кард ӯ.

Хабар дода шуд, ки ҳамчунин нисбати 12 қарори ғайриқонунӣ ба тасвиб расида, аз ҷумла ба 10 қарори раиси ноҳия ва 2 қарори ҷамоатҳо эътироз қабул гардид.

Аз натиҷаи гузаронидани санҷишҳо 10 пешниҳод қабул, 7 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 20 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 10 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 8 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Соли гузашта бошад, аз тарафи прокуратураи ноҳия нисбати 6 қарори раисони пешина ва нисбати 3 қарори раиси ҳозираи ноҳия эътироз оварда шуда, аз тарафи худи раиси ноҳия онҳо бекор карда шуда буданд.

Маҳмудзода Насрулло, прокурори вилояти Хатлон, зимни як суҳбат гуфта буд, ки соли 2018 аз тарафи кормандони прокуратура 106 санҷиши прокурорӣ гузаронида шуда,  дар натиҷа 189 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шуд, ки аз онҳо 46 дарсадаш қарори раисоне мебошад, ки ҳоло  фаъолият доранд.

Добавить комментарий