Як мард дар шаҳри Ваҳдат ҳангоми даъвои оилавӣ пеши роҳи асабонияти худро гирифтан натавониста, ҳамсарашро латкӯби шадид кардааст, ки боиси марги зан гардидааст.

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки 15-уми июни соли 2019, тахминан соати 09:00, марди 48-солаи сокини деҳаи Сангпари шаҳри Ваҳдат бо ҳамсараш, зани 40-сола, даъвао карда, ӯро сахт латуқуб кардааст. Мард бо хишт 6 маротиба ба сару рӯйи зан задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мард аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here