Сокинони деҳаи Ҷангалободи ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат 24-уми марти соли равон, соати 17:30, дар соҳили дарёи Кофарниҳон ҷасади ҷавондухтари 22-соларо пайдо карданд.
Тавре аз дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Faraj.tj иттилоъ доданд, ҷавондухтари дар дарё ғарқшуда сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Ваҳдат буда, гирифтори бемории рӯҳӣ будааст. Сабабҳои худро ғарқ кардани зан то ҳол муайян нагардидааст.
Гуфта мешавад, ки зан моҳе қабл, 26-уми феврал, аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Баъди хабари дарёфти зан афсарони бахши КҲФ шаҳри Ваҳдат ҳамроҳ бо кормандони мақомоти интизомӣ ва прокуратура ба ҷойи ҳодиса расида, баъди ташхиси ҷасад онро ба пайвандони марҳум супоридаанд.