Чор сол пеш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба воситаи матбуоти даврӣ ба мардуми рустои Ревади ноҳия ваъда дода буданд, ки барои 640 нафар хонанда дар ду баст мактаб месозанд, аммо то кунун бо чӣ иллате мактаби “ваъдагӣ”  сохта нашудааст.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода доир ба ин масъала ба faraj.tj иброз дошт: “Тибқи нақша-чорабиниҳо, бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мазкур бо мусоидати МИҲД-и вилояти Суғд сохта, ба истифода дода мешавад”.

Мудири мактаби №10-и деҳаи Ревад Ализода Мӯсо иқрор шуд, ки барои сохтмони мактаб аз аҳолӣ пул ҷамъ кардаанд. «Мо барои сохтмони мактаб аз мардум бештар аз 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ кардем, ки ин маблағ ҳанӯ дар дастамон аст”, — гуфт мудир.

Мудир афзуд: “Зимни сафари раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода камина баромад карда, ин масъаларо ба миён гузоштам. Бояд мактаб то 30-солагии Истиқлоли кишвар сохта, ба истифода дода шавад».

Ин дар ҳолест, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ соли 2015 дар ҷавоб ба мақолаи “Ин бинои вайрона аз СССР нишона” ки 12-уми августи соли 2015 дар ҳафтаномаи “Фараж” ба нашр расида буд, ваъда дода буданд “ки  барои 640 нафар хонанда, дар деҳаи Ревад мактаби наву замонавӣ сохта мешавад».

Инак, ин иҷрои ваъда аз соли 2015 оғоз шуда, то ба соли 2021 идома хоҳад кард ва бошад, ки то он рӯз бачаҳои ин деҳ соҳиби синфхонаву мактаби замонавӣ шаванд.

Комрони Аслон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here