Мутахассисони  яке аз марказҳои илмии кооперативи давлатии «Росатом»-и  Пажуҳишгоҳи физикӣ-энергетикии ба номи Лейпунско (вилояти Калужская, ФР) тарзи ғайриодии мубориза бо коронавирусро коркард намудаанд. Онҳо табобатро тариқи уфунатзудоии шуш, ки ба воситаи  нурҳои ултрабунафш сурат мегирад, таҷриба карданд. Аз ин навъи табобат директори Пажуҳишгоҳи физикӣ-энергетикӣ Андрей Говердовкий дар мусоҳиба бо газетаи «Страна Росатом» изҳорот додааст.

— Физикҳо ва кимёдонҳои Пажуҳишгоҳи физикӣ-энергетикӣ усули нави мубориза бо COVID-19  ро сохтанд.  Ин лоиҳаро мо «гази дурахшанда» номидем. То ин дам ба ҳеҷ кас муяссар нашуда буд, ки даруни одамро бо ултрабунафш уфунатзудоӣ  карда бошад. Мо чӣ тавр амалӣ кардани ин корро фикр карда баромадем, — гуфтааст Говердовский.

Тибқи гуфтаи директор, олимон молекула ва қисматҳои газиеро, ки қобилияти ҳангоми  нафаскашӣ фаъол монданро доранду ҳамзамон нақши ба шушҳо паҳн кардани ултрабунафшро иҷро мекунанд, ҷудо карда мегиранд.

— Умед дорем, ки ин усул ба ҷуз коронавирус, боз барои табобати бемориҳои илтиҳоби шуш, саратон ва ғайра мусоидат кунад, — илова кардааст ӯ.

Мувофиқи нишондоди охирони СҶТ, шумораи гирифторшавӣ ба коронавирус дар ҷаҳон ба 6 миллион ҳолат баробар буда, зиёда аз 371 ҳазор нафар фавтидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here