Автомашинаи тамғаи “ДЭУ Нексия” ба дарёи Кофарниҳон рафтааст ва ду нафар ба ҳалокат расидаанд, ки бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҷасади яке аз онҳо ҳанӯз пайдо нашудааст.

26-уми июн, тахминан соатҳои 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ Нексия” Кучаров Наврӯз Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати шаҳраки Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳоти Ромит ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромит, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаааст, ки дар натиҷа автомашина ба дарёи Кофарниҳон рафтааст. Ин садама боис шудааст, ки ронанда ва мусофири мошин Абдумалики Абдураззоқ, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расанд. Ҷасади ронанда пайдо карда шудааст, аммо то ҳанӯз ҷустуҷӯи ҷасади мусофир идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here