Чанд рӯз аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ аз нопадид шудани полковники мустаъфии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Саъдӣ Холмуродов хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ӯ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.
АИ «АП» дар такя ба маълумоти сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, наҷотдиҳандагони Кумита дар ҳақиқат ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ машғуланд.
Гуфта мешавад, ки Саъдӣ Холмуродови 56-сола рӯзи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ғарқ шудааст. Фарзияҳои пешакӣ ҳоқӣ бар онанад, ки ин ҳодиса бар асари беэҳтиётии худи Саъдӣ Холмуродов ба амал омадааст.
Ин полковники бознишаста бо номи “Саъдӣ-командир” маъруф аст, ки замоне муовини генерали марҳум Суҳроб Қосимов буд.