Ду рӯзи оянда ҳаво дар Тоҷикистон сард гашта, борони пуршиддат ва барф дар назар дошта шудааст. Ҳавошиносон ин ҳолатро ба “воридшавии анбуҳи ҳавои сарду намнок” ба кишвар алоқаманд медонанд.

Агенгии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми марти соли равон бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва доманакӯҳии вилояти Суғд ба амал омадани боришоти пуршиддат дар назар аст.

Дар бештари водиҳо ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ рӯзи 14-уми март борон ба барф мубаддал мегардад. Дамои рӯзонаи ҳаво то 12-15 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд, дар ағбаҳо яхбандӣ мешавад. Дар ин рӯз бо сабаби пастшавии дамои ҳаво эҳтимоли дидани зарар ва қисман нобудшавии зироатҳои кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ, муғҷа  ва гулҳои дарахтони мевадиҳанда пешгӯӣ мегардад. Ҳамчунин, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои зимистона ба мушкил мувоҷеҳ мешавад.

Манбаъ ҳушдор медиҳад, ки аз 12 то 15-уми март дар минтақаҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ тарма фаромада, дар навоҳии доманакӯҳи вилоятҳои Хатлон, Суғд ва НТҶ омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, ки рӯзҳои мазкур дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Хингоб, Қизилсӯ ва“Ёхсӯ баландшавии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here