Ба гузориши  Аssociated press дар пайи таркиш, фаввораи оташ ва фаъолияти шадиди вулқони Огунг дар ҷазираи Балӣ, мақомоти индонезӣ вазъияти ҳушдорро ба болотарин сатҳ афзоиш доданд.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ бо афзоиши шиддати фавораи оташ ва густариши дуду хокистар аз вулқони Огунг, давлати Индонезия аз мардум хостааст, то ҳудуди 10 километри ин минтақаро тарк кунанд.

Чорумин таркиши ин вулқон тайи ҳафтаи ҷорӣ боис шуд фурудгоҳи байналмилалии ҷазираи террористии Балӣ муваққатан таътил шавад.

Охирин оташангезии вулқони Огунг марбут ба соли 1963 буд, ки дар пайи он ҳудуди 1100 нафар ба ҳалокат расиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here