Уилям Ҳолл, иҷрокунандаи вазифаи муовини директори миссияи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон, кори лоиҳаи USAID “Пешсафи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда”-ро оид ба мубориза бо табъиз нисбати шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва паст кардани монеаҳо барои дастрасӣ ба табобатро имрӯз, дар як чорабинии маҷозӣ, қайд намуд.

Дар маросими пӯшидашавӣ, ҷаноби Ҳолл якчанд дастовардҳои муҳими лоиҳаро, ки дар шаш соли татбиқи он ба даст оварда шуданд, қайд намуд. Дар байни дастовардҳо, ҷаноби Ҳолл тадқиқоти гузаронидашударо оид ба “Индекси тамғагузории шахсони бо ВНМО зиндагикунанда” қайд намуд, ки ин воситаи стандартикунонидашудаи ҷамъоварии маълумот дар бораи чӣ гуна тамғагузорӣ ва табъиз ба ҳаёти шахсони гирифтори ВНМО таъсир мерасонад, мебошад.

“Маълумоте, ки аз таҳқиқи Индекси тамғагузорӣ ба даст оварда шудааст, барои ҳалли монеаҳои асосии пешгирии ВНМО, нигоҳубин, табобат ва дастгирӣ муҳим мебошад. Ин маълумоте, ки худи шахсони гирифтори ВНМО ҷамъоварӣ намудаанд, ба онҳо имкон медиҳад, ки онро паҳн намоянд ва дар навбати худ метавонад онро дар муайянсозии сиёсат ва барномаҳо истифода баранд, ” қайд намуд ҷаноби Ҳолл дар сухани ифтитоҳии худ.

Индекси тамғагузорӣ барои истифода аз ҷониби шахсони гирифтори ВНМО таҳия шудааст ва бо мақсади инъикос ва дастгирии принсипи иштироки бештари шахсони гирифтори ВНМО сохта шудааст. Лоиҳаи USAID «Пешсафи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда», ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон татбиқ карда шуд, бори аввал дар Осиёи Марказӣ дар соли 2015 тадқиқоти «Индекси тамғагузории шахсони бо ВНМО зиндагикунанда»-ро гузаронд. Тадқиқот нишон дод, ки одамони гирифтори ВНМО дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба табъизҳои шадид дучор меоянд, ки ин монеаи асосӣ барои дастрасии ҳамаҷониба ба табобат ва нигоҳубин боқӣ мемонад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон истеъмолкунандагони маводҳои нашъадори тазриқии собиқ ва ҳозира ва шахсоне, ки шахсияти гендерии ғайримуқаррарӣ доранд, ба тамғагузорӣ ва табъиз аз ҳама зиёд дучор меоянд. Марҳилаи нави омӯзиши индекси тамғагузории шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, бо мақсади мусоидат ба ҷустуҷӯ ва татбиқи василаҳои самараноки баланд бардоштани таҳаммулпазирӣ нисбат ба шахсони ба ВНМО зиндагикунанда, дар соли 2020 бо муваффақият оғоз ёфт.

Илова бар “Индекси тамғагузорӣ”, лоиҳа дар таҳияи Стратегияи миллӣ ва Нақшаи вокуниш ба тамғагузорӣ ва табъиз дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020 нақши муҳим бозид. Дар ҳамкорӣ бо коршиносони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ, лоиҳа инчунин дар таҳияи дастурҳои аввалини табобат ва нигоҳубини шахсони гирифтори ВНМО дар муассисаҳои ислоҳӣ мусоидат намуд. Дар қатори саҳмҳои лоиҳа дар беҳбудии зиндагии шахсони гирифтори ВНМО, инчунин метавон фаъолияти лоиҳаро дар таҳияи модули таълимӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва муносибати эҳтиромона нисбат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва намояндагони гуруҳҳои калидии аҳолӣ, ки ба барномаи таълимии ҳамаи муассисаҳои асосии таҳсилоти тиббии то дипломӣ ва баъдидипломии кишвар ворид карда шудааст, қайд кард.

Сарфи назар аз он, ки фаъолияти лоиҳа ба анҷом расидааст, муваффақиятҳои он боқӣ хоҳанд монд. USAID ният дорад, ки тавассути кӯшишҳои доимии онҳо дар мубориза бо тамғагузорӣ ва табъиз дар дастгирии шахсони гирифтори ВНМО ин пешрафтҳоро тақвият диҳад. Лоиҳаи нави USAID оид ба ВНМО бо номи “Расидан ба ҳадафҳо ва назорати эпидемия” низ дар ин самт якчанд фаъолият дорад. Ғайр аз ин, бо истифода аз натиҷаҳо ва тавсияҳои Индекси тамғагузории соли 2020, лоиҳаи нави ВНМО дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, Ассотсиатсияи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро дар таҷдиди нақшаи мавҷудаи Миллӣ, ки дар самти ҳалли масъалаҳои тамғагузорӣ ва табъиз нисбати шахсони гирифтори ВНМО ва гуруҳҳои калидии аҳолӣ нигаронида шудааст, идома хоҳад дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here