Дирӯз дар Душанбе қуръакашии мавсими нави Чемпионати футболи Тоҷикистон, ки бо дастгирии ширкати Tcell доир мегардад, миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид. Бозиҳои аввалини чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол рӯзҳои 6-7 апрел доир хоҳад шуд.

Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунанд. Инҳо  «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан) мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида мешавад ва ҳар даста 21 вохӯрӣ анҷом медиҳад.

Маросими қуръакаширо футболбозони маъруф, собиқ бозигарони дастаи мунтахаб Сӯҳроб Ҳамидов, Тоҳир Мӯминов, Шӯҳрат Ҷабборов ва Баҳодур Сӯфиев гузарониданд.

Сараввал ду марҳилаи аввал ва сипас марҳилаи сеюми мусобиқот қуръакашӣ шуд.

Ба ҳамин тартиб, дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2019  дастаҳои «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол», «Кӯктош» бо КМВА «Помир», «Панҷшер» бо «Истаравшан» ва «Хуҷанд» бо «Хатлон» бо ҳам қувва месанҷанд.

Қуръакашӣ тибқи ҷадвали шатранҷбоз ва назариётчии австриягӣ Иоҳан Бергер баргузор гардида, дар  бозиҳои аввали марҳилаи сеюм ин дастаҳо бо ҳам вомехӯранд:

«Истиқлол» – «Хатлон»

«Истаравшан» – КМВА «Помир»

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

Аз рӯи низомномаи Чемпионати мамлакат, дастаи зинаи охирро ишғолкарда Лигаи олиро тарк мекунад ва соҳиби ҷои ҳафтум дар анҷоми мавсим дар бозии гузариш бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум барои дар Лигаи олӣ боқӣ мондан вохӯрӣ анҷом медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here