Дар Душанбе қуръакашии чемпионати футболи Точикистон дар мависими 2018 баргузор гардид.

Лигаи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин мавсим дар чемпионат 8 даста — «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), КМВА «Помир» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ширкат мекунанд. Чемпионати дар се марҳала баргузор мешавад ва ҳар даста 21 вохӯрӣ мегузаронад. Дастаи ҷойи охир Лигаи олиро тарк мекунад, дастаи ҷойи 7-ум бо дастаи ҷойи дуюми Лигаи якум бозии гузариш анҷом медиҳад.

Мувофиқи қуръакашӣ чор даври аввали чемпионат ин дастаҳо бо ҳам вомехуранд:

Даври 1

«Панҷшер» – «Куктош»

КМВА «Помир» – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Истиқлол»

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Даври 2

«Куктош» – «Регар-ТадАЗ»

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Панҷшер» – КМВА «Помир»

Даври 3

КМВА «Помир» – «Куктош»

«Хатлон» – «Панҷшер»

«Барқчӣ» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Даври 4

«Куктош» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

«Панҷшер» – «Барқчӣ»

КМВА «Помир» – «Хатлон»

Мавсими 27-уми чемпионати футболи Тоҷикистон дар соли 2018-ум 10-уми март оғоз мегардад.

Манучеҳр Ниёзов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here