Як гурӯҳ ҳунармандони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон  мувофиқи даъвати ҳокимияти вилояти Самарқанд ва садорати фарҳанги он дар ин шаҳр меҳмонанд. Онҳо дар Самарқанд як ҳафта сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд ва намоишномаҳои худро дар саҳнаи Театри драммавӣ-мусиқии Самарқанд ба номи Ҳамид Олимҷон ба намоиш мегузоранд.

Дар оғози сафар бо ширкати овозхонҳои мизбонону меҳмонон таҳти унвони “Шаби дӯстӣ” аввал як консерти муштарак баргузор шуд. Дар ин консерт  Асадулло Атоуллоев, Анзурат Умарова, Нурафшон Нуруллозода, Мунзифа Исоева, Сафар Солеҳзода, Сайфулло Юсуфӣ, Мардон Мавлонов барин овозхонҳо ширкат карданд ва  таронаҳои ҷаззобу марғуб дили ҳаводорони суруду мусиқиро шод гардониданд.

Ҳунармандони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба Самарқанд бо ду дастовез омадаанд. Рӯзи дуюми сафар намоишномаи “Найранги Майсара”-и адиб ва драматурги маъруф Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ду маротиба намоиш дода шуд.

Либреттои шоири дӯстдоштаи кӯдакон Наримон Бақозода “Бузаки ҷингилапо” намоишномаи дуюми ҳунармандони тоҷик мебошад, ки барои кӯдакони самарқандӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Гуфта шуд, ки рӯзи сеюми сафари ҳунарӣ дар се баст намоишномаҳо рӯи саҳна оварда мешаванд. Дар айни ҳол тамошобинони самарқандӣ аз ҳунарнамоии  ҳунармандони тоҷик хеле хушҳолу хурсанданд. Артисти хидматнишондодаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, Шарофат Усмонзода, Манучеҳр Раҳмонов, Сайфулло Юсуфӣ, Мунзифа Исоева ва дигарон нақшҳои худро бо маҳорати баланд иҷро карда, сазовори кафкӯбиҳо ва истиқболи гарми ин тамошобинон гардиданд.

— Дар ҳақиқат, мо аз чунин истиқболи гарму хуб хеле сарфарозем. Аслан ин сафари ҳунарии мо кӯтоҳ муқаррар шуда буд, вале натавонистем талабу дархостҳои самарқандиёни арҷмандро нодида гирем ва вақти баргашти худро каме ба таъхир андохтем. Хостем аз муҳаббати гарми ин мардуми фарҳангшиносу фарҳангсолор бештар бархурдор шавем, — мегӯяд коргардони намоишномаҳои “Найрангҳои Майсара” ва “Бузаки ҷингилапо” Шавкат Халилов.

Ба гуфтаи ӯ сафарҳои ҳунарии онҳо ба Ӯзбекистон бо ҳамин анҷом намеёбанд. Вай изҳор кард, ки  ба шаҳрҳои дигари Ӯзбекистон низ сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳанд.

— Боиси хурсандӣ ва сарфарозии мост, ки дар саҳнаи театри Самарқанд намоишномаи падари бузургвору шодравонам рӯи саҳна гузошта шуд. Он кас ҳамеша орзу мекарданд, ки намоишномаҳояшонро дар зиндагии худ ба ҳамшаҳриёни самарқандиашон оварда намоиш диҳанд, вале акнун чунин имкон даст дод, ки орзуи падарам дар амал пиёда шавад, — мегӯяд духтари Наримон Бақозода хонум Меҳрубон Бақозода.

— Аз суруду таронаҳо ва намоишномаҳои ҳунармандони тоҷик мо ғизои маънавӣ гирифтем. Дилам бисёр мехост, ки чунин сафарҳои ҳунарӣ бештар шаванду боз идома пайдо кунанд, зеро муддати дароз мо ба тамошои асарҳои саҳнавӣ ба забони модариамон пазмон шуда будем. Ин ормонҳои моро то чанде ҳунарпешагони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон бароварда сохтанд, ки хеле барояшон арзи сипос мекунам, — мегӯяд ба хабарнигори “Фараж” яке аз фаъолони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон адабиётшинос Амина Шарофиддинова.

— Ҳатман ин талабу дархостҳои мардуми ҳунарнавози Самарқандро мо ба назар мегирем. Ҳунару фарҳанг марзу бумро намеписанданд. Ба шарофати барқарории дӯстиву рафоқати байни мардуми ду кишвар домани чунин сафарҳои ҳунарӣ боз фарохтар хоҳад шуд, — гуфт ҷонишини аввали директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Содиқ Нуруллоев.

Тамошои намоишномаҳои ҳунармандони театри тоҷик дар шаҳри Самарқанд идома дорад.

Мирасрор Аҳроров.

хабарнигори хоси “Фараж”, Самарқанд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here