19 августи соли ҷорӣ дар спорт-бари «Истиқлол» муаррифии барномаи мобилии бонкии «Ҳумо Онлайн» баргузор гардид. Мутахасисони ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ба меҳмонон барномаи Бонкинги мобилиро муаррифӣ намуданд, ки дар бозори Тоҷикистон аввалин аст.

Дар ин барномае, ки аз ҷониби ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ба роҳ монда шуд, муштарӣ тарзи савдои бонкӣ ё онлайнро меомузад. Барномаи «Тиҷорати мобилӣ» имконияти пардохти харидро тавассути телефон бо истифода аз рақами телефон, почтаи электронӣ, QR-код ё NFC таъмин менамояд.

Дар муаррифии барномаи мазкур намояндагони соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, роҳбарони ширкатҳо, соҳибкорон, хабарнигорон ва ғайра иштирок карданд. Кормандони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» тавонистанд як барномаи ҷолиб ва хотирмоне ба роҳ монанд. Баъди муаррифӣ, бурди мукофот баргузор гардид. Маблағи бурд ба Бонкинги мобилӣ интиқол дода шуд. Он нафароне, ки бурд карданд дар спорт-бари «Истиқлол» дилхоҳ чизи худро харидорӣ намуданд.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here