Раёсати андози кишвар барои чораҷӯии минбаъда ва қабул кардани қарорҳои дахлдор 450 маводи санҷиширо ба маблағи 453, 4 миллион сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кардааст.

Сардори Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар нишасти хабарии ниҳодаш, ки рӯзи гузашта, 8-уми феврал доир кард, гуфт «нисбати андозсупорандагоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд ва беш аз як миллион сомонӣ маблағҳои андозро пинҳон мекунанд, вазифадорем мавод тартиб дода, ба мақомоти қудратӣ пешниҳод кунем».

— Яке аз чунин андозсупорандагон ширкати «Умед 88» буд, ки дар натиҷаи корҳои назоратӣ зиёда аз 3 миллион маблағ ошкор карда шуда, барои чораҷӯии минбаъда равон шудааст. Дар маҷмӯъ корхонаи «Умед 88» аз ҳисоби андозҳову пардохтҳо 4,2 миллион сомонӣ аз буҷет қарздор аст. Мо дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои рӯёнидани маблағҳои андоз чораҷӯӣ карда истодаем, — гуфт Давлатзода.

Давлатзода ҳамчунин гуфт, бақияи қарзи андозҳо 768 миллионро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 91 миллион сомонӣ кам шудааст.

— Муттаасифона, ширкатҳое ҳастанд, ки то ҳол бақияи қарзи андоз доранд ва калонтарини онҳо ширкати мобилии «Таком» — 79 миллион ва «Индиго Тоҷикистон» 18 миллион қарздор ҳастанд. Вазъи молиявии ин ширкатҳоро ба назар гирифта, созишнома бастем, ки давра ба давра бақияи қарзи андозро пардохт хоҳанд кард. То охири моҳи феврал ширкати «Индиго Тоҷикистон» пурра ва «Таком», фикр мекунам, дар муддати ду моҳи оянда қарзи андозро мепардозанд, — таъкид кард Давлатзода.

Ҳамчунин ширкатҳои дигари аз андоз қарздор номбар карда шуданд: Ширкати «Барқи тоҷик» — 101 миллион сомонӣ, «Тоҷиктелеком» — 35 миллион, «Алюминийи тоҷик» — 24 миллион, «Фони Яғноб»- 21,8 миллион, ширкати саҳҳомии «Ресанда»-и Қӯрғонтеппа — 18,7 миллион, Кони ангишти «Назарайлоқ» -9,4 миллион, «Телеком технолоҷӣ» — 8,1 миллион, Ҷамъияти саҳҳомии ангишти шаҳри Исфара — 6,7 миллион ва «Умед 88» — 4,2 миллион сомонӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here