Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар нимсолаи аввали соли 2019, аз тарафи шаҳрвандон 2826 муроҷиат қабул кардааст.

Тавре дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, аз ин шумора 1788 адад муроҷиатҳои хаттӣ ва 1038 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ ба ҳукумати маҳаллии шаҳри Панҷакент ворид гардидааст.

Аз ин миқдор муроҷатҳои хаттии шаҳрвандон, 138 адад қонеъ, 1342 адад фаҳмонида, 99 адад рад карда шуда ва 209 адад мавриди баррасӣ қарор доштаанд.

Ҳар ҳафта рӯзи шанбе, тибқи супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо рӯзи қабули шаҳрвандон бояд гузаронида шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here