Намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Укроин Виктор Меленетс зимни вохӯрӣ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз доштааст, ки «Электроторгмаш» имкони  тибқи дархостбунёд кардани Маркази барқу гармидиҳиро дар вилоят дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Укроин Виктор Меленетс ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфтааст. Зимни суҳбат раиси вилоят дар бораи имконоти мавҷудаи соҳаи энергетика ва рушди соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот додааст.

Зикр шудааст, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас ва лоиҳаҳо​ дар мамлакат сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ-обӣ ҷараён дошта, ба кор оғоз намудани чархаҳои якуму дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» имкон дод, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавсеа бахшида шаванд.​

Дар маркази вилоят теъдоди зиёди биноҳои баландошёна ва корхонаву иншоот мавҷуд буда, дар оянда ба бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ низ афзалият дода мешавад.​ Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба охир расидааст.​ ​

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here