Дирӯз дар Украина даври дуюми интихоботи президентӣ доир гардид, ки дар он намояндаи ҳизби «Слуга народа» шоусози машҳур Владимир Зеленский баранда шуд.

Дар даври дуюми интихоботи президентӣ дар Украина Владимир Зеленский бо президенти амалкунандаи ин кишвар Петро Порошенко рақобат кард. Инҳо аз даври якум бо ба даст овардани орои бештаре дар миёни 37 номзади дигар ба даври дуюм гузашта буданд. Дар даври якум Зеленский ҳудуди 29 дарсад ва Порошенко ҳудуди 16 дарсад овоз ба даст оварда буданд.

Натиҷаи пешакии шумори раъйҳо дар даври дуюм бар онанд, ки 73,2 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз Зеленский овоз доданд ва перзиденти феълӣ Петро Порошенко ҳамагӣ 25,3 дарсад овоз гирифтааст. Дар интихобот ҳудуди 62% интихобкунандагон ширкат кардаанд.

Зеленскийро аллакай чанде аз сарони давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ба ин пирӯзӣ табрик гуфтаанд, ки дар байни онҳо президенти Америка Доналд Трам, саравазири Канада Ҷастин Трюдо, раиси Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск, президенти Лаҳистон Анҷей Дуда, котиби генералии NATO Йенс Столтенберг ҳастанд.

Баргаҳои интиоботӣ то рӯзи 1-уми май ҳисоб карда мешаванд ва президенти нави Украина рӯзи 3-юми июн ба вазифаи худ шуруъ хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here