Ҳар рӯз аз ҷониби сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Суғд тадбирҳои безараргардонии сартосариро пурзӯр гардида, ҷамъи қувваю василаҳо барои пешгирии мавҷи дуюми ин вабои аср сафарбар гардида истодаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод.
Ин навбат уфунатзудоӣ бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии шаҳри Хуҷанд ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ ҷалб карда шуданд.
Корҳои тамизгардонӣ нахуст дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, бозорҳо ва ғайра ба роҳ монда шуд.
Ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Гагарин, Сирдарё, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, Аминҷон Расулов, Шарқ, Фирдавсӣ, Саидвалиев, Истиқлол ва як қатор маҳаллаҳо ташкилу роҳандозӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, ин тадбирҳо то пурра анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар тамоми шаҳр идома меёбанд.
Ҳамзамон, ҳамарӯза дар шаҳри Хуҷанд баҳри тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, даромадгоҳҳо ва атрофи биноҳои маъмурию истиқоматӣ корҳои иттилоотӣ бурда мешаванд ва уфунатзудоӣ бо риояи реҷаи махсус зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд қарор дорад.