Рӯзи гузашта як ҷуфти сайёҳи лаҳистонӣ, ки аз тариқи куҳҳои ноҳияи Мурғоби ВМКБ ба вилояти Ӯши Қирғизистон сафар доштанд, аз ҷониби намояндагони КҲФ дар ин минтақа наҷот дода шудаанд.
Сухангӯи Маркази матбуоти КҲФ дар сухбат ба “Фараж” гуфт, соати 14:00 ба қисми навбатдории Кумита тахминан аз минтақаи Қарақул ва Мозкули ноҳияи Мурғоб бонги наҷот ворид гардид.
— Кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳия ва гуруҳи ихтиёриён аз деҳаи Қарақул пас аз 1,5 соат ба макони ҳодиса расиданд. Маълум шуд, ки сайёҳон зану шавҳар Богдан Гаси 38-сола ва Иванна Гиришскаи 34- сола будаанд. Вақте сайёҳон аз ин минтақаи кӯҳӣ мегузаштанд, муҳаррики мошинашон аз кор баромадааст. Онҳо ба кӯмаки тиббӣ ниёз надоштанд. Барои таъмири нақлиёт аз ҷониби намояндагони мо дар ноҳияи Мурғоб сайёҳон ба деҳаи Қарақул расонида шуданд, — гуфт сухангӯи КҲФ.