Ҳуҷумкунандаи клуби шоҳонаи «Реал Мадрид»-и Испания португалӣ Криштиану Роналду футболбози беҳтарини сол аз ҷониби UEFA дониста шуд.
Пеш аз ин форвард дар Лигаи чемпионҳои Аврупо ғолиб омада буд ва ҳуҷумкунандаи беҳтарини мавсими гузаштаи ин мусобиқа эълон гардида буд. Дар мавсими қаблии Лигаи чемпионҳои Аврупо оид ба футбол португалии 32-сола дар ҳайати клуби мадридӣ 13 бозӣ гузаронида, 12 гол зад ва 5 партофти головар кард.