UEFA ниммуҳофизатгари клуби шоҳонаи «Реал Малрид»-и Испания Лука Модричи хорватиро беҳтарин футболбози мавсими 2017\2018 эълон кард. Маросими супоридани ҷоиза шоми дирӯз дар Монако, дар қуръакашии даври гуруҳии Лигаи чемпионҳои Аврупо, баргузор гардид.
Футболбози хорватӣ дар мавсими гузашта ғолиби Лигаи чемпионҳо, барандаи Суперҷоми UEFA, Суперҷоми Испания, ғолиби чемпионати ҷаҳонии клубҳои FIFA, иштирокчии финали чемпионати ҷаҳон ва соҳиби унвони бозигари беҳтарини Чемпионати ҷаҳонии футбол-2018 шуда буд. Лука Модричи 32-сола дар Лигаи чемпионҳо дар 11 вохӯрӣ ширкат карда, як гол задааст ва як партофти головар кардааст. Дар 26 бозии чемпионати Испания ба майдон баромада, як гол задааст.
Барои ба даст оварди ин унвон собиқ ҳамдастаи Модрич футболбози португалӣ Криштиану Роналду, ки ҳоло дар «Ювентус» (Турин, Италия) бозӣ мекунад ва футболбози мисрии «Ливерпул» (Англия) Муҳаммад Салоҳ талабгор буданд.