Рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия мусобиқаи ҷудои «Тоскулоҳи Бузург» шуруъ мешавад, ки дар он нуҳ ҷудокори мард ва ду бонуи ҷудокор кишвари моро намояндагӣ мекунанд.

Дар байни онҳо ду паҳлавони маъруфи Тоҷикистон — Беҳрузи Хоҷазода ва Суҳроб Боқиев низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин мусобиқа президенти Федератсияи байналхалқии ҷудо Мариус Визер ширкат мекунад.

Дар ин мусобиқа барои 14 маҷмӯи медалҳо 320 ҷудокор аз 34 кишвар мубориза мебаранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here