Аз 17 то 21-уми октябр дар шаҳри Нассауи ҷазираҳои Баҳама чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни наврасон доир мегардад, ки дар он 3 варзишгари Тоҷикистон — Хайёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81кг ширкат мекунанд.

Дар мусобиқа иштироки 489 варзишгар (278 мард, 211 зан) аз 79 кишвари дунё дар назар аст. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал соҳиби ҷоизаҳои пулӣ мегарданд. Федератсияи байналмилалии дзюдо ба ғолибон 2000 доллари ИМА (1600 доллар ба варзишгар, 400 доллар ба мураббӣ), барои ҷои дуюм 1400 доллар (1120 доллар ба варзишгар, 280 доллар ба мураббӣ) ва барои ҷойҳои сеюм 800 доллар (640 доллар ба варзишгар, 160 доллар ба мураббӣ) тақдим хоҳад кард. Дар рақобатҳои даставии омехта барои медали тилло 8000 доллар, барои медали нуқра 5600 доллар ва барои медали биринҷӣ 3200 доллар пешбинӣ шудааст.

Барномаи чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни наврасон-2018:

17.10.2018. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -44кг, -48кг миёни духтарон, -55кг, -60кг миёни писарон.

18.10.2018. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -52кг, -57кг миёни духтарон, -66кг, -73кг миёни писарон.

19.10.2018. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63кг, -70кг миёни духтарон, -81кг, -90кг миёни писарон.

20.10.2018. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни духтарон, -100кг, +100кг миёни писарон.

21.10.2018. Қувваозмоиҳои даставии омехта.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here