17-18 март дар шаҳри Коимбраи кишвари Португалия Ҷоми ҷудои Аврупо миёни ҷавонон доир гардид, ки варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков сазовори медали нуқра шуд.
Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни
Дар мусобиқа 485 варзишгар аз 26 кишвари дунё иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ Руссия бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Ҷои дуюмро бо 4 медали тилло ва 6 биринҷӣ Испания ва ҷои сеюмро бо 3 медали тилло, 3 нуқра, 5 биринҷӣ Нидерланд сазовор гаштанд.
Сомон Маҳмадбеков то ин вақт дар вазни
17-18 март, ҳамчунин, дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Руссия Гранд Слам оид ба дзюдо баргузор шуд, ки Тоҷикистонро 10 варзишгар — Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (
Дар ин мусобиқа 262 варзишгар аз 34 кишвари дунё иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ ҷои аввал насиби Ҷопон шуд. Варзишгарони ин кишвар сазовори 6 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Кишвари мизбон – Руссия бо 2 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои дуюм ва Бразил бо 1 медали тилло, 2 нуқра, 5 биринҷӣ ҷои сеюмро сазовор шуданд.