Паҳлавони шинохтаву маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон, ки дар Марокаш ҷараён дорад, соҳиби уновни чемпионӣ ва сазовори медали тилло гардид.

Сомон 17-уми октябр дар қувваозмоии вазни -73кг дар се даври муқаддамотӣ бар Семедо Клаудиано аз Кеп Верд, Асад Масабиров аз Қирғизистон, Абдул Малик Умаев аз Белжик , дар чорякфинал бар Эдуардо Мелла аз Италия, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Русия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон ба даст овард. Медалҳои биринҷиро дар вазни -73кг Эдуардо Мелла аз Италия ва Виктор Стерпу аз Молдова ба даст оварданд.

Дар таърихи ҷудои кишвар ин аввалин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар ҳамаи синну сол аз Чемпионати ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон (U-21) то 20-уми октябр идома мекунад. Дар чемпионат 517 варзишгар (294 мард, 223 зан) аз 81 кишвар иштирок доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар дар Марокаш ҳастанд. Дар рӯзи аввал Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров дар вазни -66кг гуштӣ гирифтанд, вале аз медал бенасиб монданд. Ҷамолиддин пас аз ду ғалаба дар даври сеюм, Идибек дар даври аввал аз ҳарифон шикаст хӯрданд. Дар вазни -73кг варзишгари дигарамон Қоим Шукронов дар даври аввал аз ҳарифи амрикоияш мағлуб шуд.

Имрӯз, 18-уми октябр, Абўбакри Акобир ва Эмомризо Анварзода дар вазни -90кг гуштӣ мегиранд.

 

Сомон Қаҳрамони ҷаҳон шуд .Хушрангтарин медалро ба гардан овехт .Ба ифтихораш суруди миллӣ танинандоз гашт ва парчами кишвар барафрошта шуд .Номи тоҷику Тоҷикистон вирди забони ҷаҳониён гашт .Ифтихоре бештар аз ин ?Аллоҳу Акбар !!

Geplaatst door Muhammad Abduroziqi Nematzod op Donderdag 17 oktober 2019

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here