Қисми даромади буҷети ноҳияи Қубодиён дар 11 моҳи соли ҷорӣ 41 миллиону 315,7 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 40 миллиону 974 ҳазор иҷро шуд, яъне 341 ҳазор сомонӣ  ба буҷети ноҳия ворид нагардид.

Роҳбари нозироти андози ноҳияи Қубодиён  Ҳайдаралӣ Ҳасанов иттилоъ дод, ки айни замон бақияи қарз аз андозсупоранадагони  ноҳия 5 миллиону 700 ҳазорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 355 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Қарзи мушкилситон бошад 312 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки кормандони нозироти андози ноҳия талош доранд, қисми даромади буҷети ноҳияро дар моҳи декабри пурра таъмин созанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here