Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Қубодиён айни замон ба 40 ҳазор китоби дарсӣ аз фанҳои дақиқ эҳтиёҷ доранд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Мирзо Эшов гуфт, ки то аввали соли хониши 2018-2019 хонандагони мактабҳои ноҳия ба 60 ҳазор китоб эҳтиёҷ доштанд, ки  як ҳафта пеш 20 ҳазори китоб барои хонандагони ноҳия ворид гардид.

Мудир зикр кард, ки кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ин 40 ҳазор китобе, ки мактабҳо эҳтиёҷ доранд, то поёни соли хониш дастрас хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here