Давоми солҳои 2019 ва 2020 дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 8 нафар зан ҳангоми таваллуди фарзанд фавтидаанд.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи мазкур Холмурод Ойматов дар суҳбат ба хабарнигори «Фараж» гуфт, ки соли 2019 дар ноҳияи Қубодиён 6 нафар зан ҳангоми таваллуди фарзанд вафот кардаанд.

— Дар соли 2020 бошад, 2 нафар, яке дар беморхонаи марказӣ ва дигаре дар вилоят ҳангоми таваллуди фарзандонашон фавтиданд, — илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки омилҳои фавти занон дер муроҷиат кардани занони ҳомила ба духтурон, хунравӣ ва дигар бемориҳо мебошад.

— Дар ноҳияи Қубодиён соли 2020-ум 5 ҳазору 997 нафар кӯдак таваллуд шуданд, ки аз он 40 нафар мурда таваллуд ва 56 кӯдаки дигар ҳангоми таваллуд фавтиаанд, — афзуд Холмурод Ойматов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here