Дар ноҳияи Қубодиён 144 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуданд, ки 30 дарсадаш барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт мувофиқ буда, 70 дарсади дигар ба таъмир ниёз доранд.

Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Қурбоналӣ Хоҷаев гуфт, ки барои таъмир ва кашидани хатҳои уфуқӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияи ҳамагӣ дар панҷ моҳ 14 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағ нокифоя аст.

— Ин дар ҳолест, ки 70 дарсади роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар ноҳия ба таъмири асосӣ ниёз доранд, — қайд кард мусоҳиби мо.

Ӯ гуфт аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ роҳҳои маҳаллӣ сангфарш ва таъмири ҷорӣ шуда, як пул ва як қубури обгузар таъмир гардидааст.

Манбаъ афзуд, ки аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ барои таъмири 34 километр роҳҳои байналмилалӣ 58 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки бо ин маблағ роҳҳо таъмиру навсозӣ шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here