Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Қубодиёнро надоштани толори варзишӣ ва гузаронидан дарсҳои варзиш дар фасли сармо дар синфхонаҳои танг нигарон кардаст.
Директори МТМУ №48-и ноҳияи Қӯбодиён Дилафрӯз Шарипова гуфт, ки мушкилии асосии 652 нафар хонандаи муассиса надоштани толори варзишӣ мебошад.
Ӯ нигаронӣ аз он кард, ки «фасли зимстон дар пеш аст, мо намедонем дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар куҷо ба хонандагон гузаронем».
Дар муассиса як майдончаи варзишӣ аст, ки он низ пур аз сангу хок буда, хонандагон наметавонанд, ба хубӣ машғулиятҳои варзишии худро гузаронанд.
Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки 6 сол қабл ин муассиса соҳиби як толори варзишии садамавӣ буд, аммо аз набудани синфхона онро низ хароб карда, дар ҷойяш 8 синфхона бунёд карданд.
Дилафрӯз Шарипова афзуд:
— Ман дар ин муасссиса як сол шуд директор шудаам ва то ҳол ба мақомоти лозима барои бунёди толор, муроҷиат накардаам, аммо директорони пешинаи ин даргоҳ борҳо ба мақомоти болоӣ барои бунёди толори варзишӣ мактуб карда буданд, вале беҷавоб боқӣ мондаанд. Гарчанде, ман соҳибкоронро борҳо барои бунёди ин толор даъват намудаам, аммо онҳо аз ин кор даст кашиданд, зеро барои бунёди як толори варзишӣ маблағи зиёд лозим аст.
Мактаби №48 дар маркази ноҳияи Қубодиён аз соли 1938 сохта шудааст. Агар дар маркази ноҳия муассисаи таълимӣ толор надошта бошад, пас дар мактубҳои дурдасти ноҳия вазъ дар кадом ҳолат қарор дорад?
Бояд гуфт, ки орзуи ягонаи 652 нафар хонандаи МТМУ №48-и ноҳияи Қубодиён бунёди толори варзишӣ дар таълимгоҳашон аст, аммо ин орзуи онҳо кай амалӣ мешуда бошад?
Рахмоналӣ Додархӯҷаев
Аҳмадчон Раҳимзода