24-уми декабр таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Сараввал аъзои Шӯро тибқи Дастури ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузорӣ ва инъикоси ҷараёни кори ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 26 декабри соли равон доир мегардад ва дар он президент Эмомалӣ Раҳмон бо паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад мекунад, баррасӣ карда, онро ба рӯзномаи ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Тибқи пешниҳодот гузориш аз ҷараёни ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум дар толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фишурда ва дар толори «Кохи Сомон»-и Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи президент тавассути шабакаҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиои Тоҷикистон ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон, дар ҷаласа аъзои Шӯро 42 масъаларо бо инобати 2 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар кишвар амалкунанда, ки  аз ҷониби субъектҳои  дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, инчунин пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд ва интихоби судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии амиқ қарор ва ба рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки пагоҳ 25–уми декабр баргузор мегардад,  шомил карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here