26-уми август, тахминан соати 15:00, дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки марзи ноҳияи Фархор бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои оташфишони АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62, РПГ 7В ҳамла намуда, онҳоро зери оташ қарор додаанд.
Дар ин бора «Ховар» аз қавли сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дода, менависад, ки «дар натиҷаи ҳамла ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов, соли таваллудаш 10.02.1956, истиқоматкунандаи Фархор ва Давлат Сангинов, соли таваллудаш 20.03.1958, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов, соли таваллудаш 26.08.1992 истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳисори ноҳияи Фархор ба тарафи қамишзор фирор кардааст.
«Айни замон бо мақсади пайдо ва несту нобуд намудани гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» корҳои фаврию ҷустуҷӯиро ба роҳ мондаанд», — гуфтааст М. Улуғхоҷаев.