Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бо таассуф изҳор медоранд, ки бо вуҷуди баргузории озмунҳои ҳарсола барои дарёфти наттоқони барномаҳои иттиллотӣ, пайдо кардани як наттоқи хуб, ки  ҳам барандагӣ карда тавонаду ҳам чизе навишта тавонад, ниҳоят мушкил аст.

Ин ниҳод мушкили асосиро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи журналистика, ки барои тайёр кардани кадрҳои касбии ин соҳа масъуланд, мебинад.

Сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Сафина» Даврон Зокиров зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳар нафаре, ки дар эфири барномаҳои телевизион, махсусан иттилоотӣ рӯи саҳна меояд, тариқи озмун ба кор қабул карда мешавад.

— Ҳамчунин, бо роҳбарияти факултетҳои журналистикаи донишгоҳҳо ҳамкории хуб дорем. Онҳо донишҷӯёне, ки қобилияти хуби наттоқию барандагӣ доранд, ба мо мефиристанд. Мо муддати ду-се моҳ бо онҳо кор мекунем, вақте ки тайёр шуданд, онҳоро ба эфир роҳ медиҳем. Ҳамин тавр, чанд нафарро ба кор гирифтем. Илова бар ин, барои интихоби наттоқони барномаҳои иттилоотӣ қариб ҳар сол озмун эълон мекунем, вале муттаасифона, ёфтани нафаре, ки хуб барандагӣ кунаду чизе ҳам навишта тавонад, бениҳоят мушкил аст. Ин маънои онро дорад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии мо дар соҳаи журналистика карди хуб ёфтан мушкил аст, — гуфт Зокиров.

Ҳамчунин гуфта шуд, талаботи дигари телевизион доштани чеҳраи зебо, нутқи бурро, саводи хуби довталаб аст.

Роҳбари муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Носир Саидов низ илова кард,  ки «дар мадди аввал забон меистад».

— Агар нафаре, ки мактаби журналистикаро гузаштаву забони хуб дошта бошад, дар муддати ду-се моҳ ӯ барои баромадан ба эфир куллан тайёр карда мешавад. Муҳим хуб донистани забон аст. Он тарафаш ягон мушкилӣ надорад, — гуфт Саидов.

2 ШАРҲҲОИ

  1. Носир Саидов дуруст мегӯяд. Муҳтарам Зокиров бояд бидонад, ки барандагиву нотиқӣ ҳунар аст. Мӯҳтарам Носир Саидов бояд аввал донистани забонро аз муҳаррирони имрӯза талаб намояд: онҳо собировро аз содир кардан фарқ кунанд.

  2. Носир Саидов дуруст мегӯяд. Муҳтарам Зокиров бояд бидонад, ки барандагиву нотиқӣ ҳунар аст. Мӯҳтарам Носир Саидов бояд аввал донистани забонро аз муҳаррирони имрӯза талаб намояд: онҳо содиротро аз содир кардан фарқ кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here