Деҳқонони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон имсол дар майдони 385 гектар тути заминӣ (клубника) кишт карда, алакай аз он 6,5 тон ҳосил ҷамъоварӣ ва ба бозор баровардаанд.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш Сафаралӣ Ҳалимзода гуфт, ки кишоварзони ноҳия дар парвариши тути заминӣ таҷрибаи бой дошта, ҳамасола майдони кишти онро зиёд мекунанд.

— Алакай деҳқонони ноҳия ба ҷамоварии тути заминӣ шуруъ карда, бозорҳои вилоят ва ҷумҳуриро таъмин кардаанд, — илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ноҳияи Вахш дар майдони зиёда аз 300 гектар замин тути заминӣ кишт карда шуда буд, ки наздики 100 тонна ҳосили он ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия содирот гардида буд.

Айни замон дар бозору мағозаҳои минтақаи Бохтар арзиши 1 килограмм тути заминӣ 20 сомониро ташкил медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here