Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ҳалокати се нафар дар шаҳри Турсунзода хабар дод, ки аз беэҳтиётӣ ба чоҳи об афтодаанд.

Ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз, 7-уми сентябр, дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода рух додааст. Се сокини ин деҳа Хуҷамов Амрулло, соли таваллудаш 1958, Хуҷамов Мурод, соли таваллудаш 1988 ва Содиқов Комил соли таваллудаш 1957, ҳангоми таъмири муҳаррики обкаш ба чоҳи умқаш 18-19 метр сарозер шудаанд. Сабаби ҳодиса беэҳтиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири муҳаррик унвон шудааст.

Дар баробари расидани хабар дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудааст. Яке аз ин се нафар – Амрулло Хуҷамови 62-соларо афсарони шуъбаи Кумита зинда аз дохили чоҳ берун овардаанд, вале дар бемористони шаҳрӣ аз ҷароҳатҳои вазнин ҷон додаст.

Дастаи шашнафараи наҷоти Кумита то соати 20:45 дақиқа ҷасади фавтидагони дигарро ҳам аз чоҳ берун овард ва ба беморхонаи шаҳрии Турсунзода интиқол додааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here