Сардори Раёсати молияи шаҳри Турсунзода Рустам Турсунзода дар синни 52-солагӣ бар асари сироят аз коронавирус вафот кардааст. Аз Вазорати молияи кишвар ба “Фараж” гуфтанд, ки Турсунзода, субҳи имрӯз, пас аз се рӯзи дар беморхона бистарӣ шудан, ҷон додааст.

Рустам Турсунзода 16-уми майи соли 1968 дар деҳаи Қаротоғи ҷамоати деҳоти Қаротоғи шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Марҳум соли 1992 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (рӯзона) ва соли 2012 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) бо ихтисос муҳосиб-иқтисодчӣ ва идоракунии давлатӣ хатм кардааст. Соли 2012 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст. Мушовири давлатии дараҷаи 3. Аз соли 2002 узви ҲХДТ мебошад. Аъзои Кумитаи марказии ҲХДТ, соҳиби 4 фарзанд. Турсунзода Рустам Усмон аз 12-уми августи соли 2015 то ба имрӯз дар мансаби сардори Раёсати молия дар шаҳри Турсунзода фаъолият дошт.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар як шабонарӯзи охир дар мамлакат 48 ҳодисаи нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6643 нафар баробар гардидааст.

То 14-уми июл дар Тоҷикистон  5332 нафар (80,2%) аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 56 нафар фавтидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here