Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 6-уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҳфили нахустини рӯзноманигорони ҷавон таҳти унвони  «Тулӯи сухан» баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Маҳмадулло Раҷабзода ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ширкат карданд.

Ректор дар оғози суханронии хеш тамоми ҳаводорони нашрияи «Паёми донишҷӯ»-и донишкада, аъзои маҳфили «Тулӯи сухан» ва рӯзноманигоронро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ, неруи қавӣ, иродаи матин ва дастовардҳои беназири эҷодиро таманно кард.

— Барои он ки дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо афкору андешаи солим ташаккул ёфта, истиқлолияти фикрӣ падидаи фарогири рӯзгори мардум, пеш аз ҳама, ҷавонон гардад, шуури аҳли ҷомеа ба дараҷаи зарурии худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ расида, дар замири ҳар як сокини кишвар эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ амиқ ҷой гирад, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва холисонаи рӯзноманигорон бениҳоят зарур аст, —  изҳор дошт М. Раҷабзода.

Зинатулло Исмоилзода аз таърихи матбуоти тоҷик ёдовар шуда, зикр кард, ки нашрияи «Паёми донишҷӯ” тарғиботгари ғояҳои пешқадам дар самти таълиму тарбияи забоншиносон, тарҷумонҳо ва омӯзгорони ҷавон ба шумор рафта, онҳоро дар рӯҳияи инсонпарварию ватандӯстӣ, меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ тарбия ва ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят мекунад.

Баъдан аз ҷониби аъзои маҳфили рӯзноманигорони ҷавон  “Тулӯи сухан” барномаи хотирмони фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here